Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон

Дар Тошканд конфронси дурӯзаи байналмилалӣ оид ба Афғонистон ба кор шурӯъ кард.

Ҳамоише таҳти унвони “Ҷараёни сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва дар масоили минтақавӣ” бо ширкати мақомоти баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ баргузор мешавад. Аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов иштирок мекунад.Интизор меравад, ки дар кори ин нишаст президентони Узбекистон ва Афғонистон — Шавкат Мирзиёев ва Ашраф Ғанӣсуханронӣ кунанд.Қаблан гуфта мешуд, ки ширкатдорони конфронс бояд мавзеи муштаракро дар заминаи даъвати баргузории музокироти мустақим ва бидуни қайдушшарти миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон баён кунанд. Аз ҷумла, дар матни баёнияи муқаддамотии вазорати хориҷаи Узбекистон изҳори умедворӣ шуд, ки “натиҷаҳои мулоқоти сатҳи байналмилалӣ дар Узбекистон дар амри эътидоли вазъ дар Афғонистон метавонад саҳми ҷиддӣ гузорад ва заминаҳои рушди босубот, шукуфоии мардуми Афғонистон ва пайвастани он ба ҷараёни сулҳи минтақа ва ҷаҳонро заминагузорӣ кунад. Муваффақияти форуми Тошканд бояд тавони ҳалли масоили муштараки ҷиддиро аз ҷониби давлатҳои минтақа ба намоиш гузорад”, гуфта шуд дар баёнияти вазорати хориҷаи Узбекистон.Комил Олимҷонов, сухангӯи раёсати ҷумҳури Узбекистон дар сафҳаи «Твиттер»-и худ навиштааст, ки ба иловаи раиси ҷумҳури Афғонистон, Томас Шоннон, муовини сиёсии вазорати умури хориҷии Амрико, Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони умури хориҷии Русия, Туркия ва Покистон аз ширкатдорони умдаи ин нишаст мебошанд. Нишасти Тошканд дар бораи сулҳи Афғонистон дар ҳоле доир мешавад, ки шаҳри Кобул моҳи гузашта мизбони нишасти дувуми як конфронси байналмилалии дигар роҷеъ ба сулҳ дар ин кишвар буд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар гирдиҳамоӣ сулҳи бидуни шарту қайд ба Толибонро пешниҳод кард. Вале Толибон ба ин пешниҳод ҳанӯз посухи расмие ироа накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *