Конибодом: Аризаҳои «SMS»-ии сокинон ба мансабдорон

Ҳукумати шаҳри Конибодом рақами телефонҳои ҳамроҳи мансабдоронро нашр кардааст, то сокинон дархосту шикоят ва аризаҳои худро ба воситаи паёмак ё худ “SMS” ба онҳо фиристанд.

Шумораи телефонҳо пушти дари идораҳои ҷамоат, дар маконҳои серодам ва дар рӯзномаи маҳаллӣ нашр шудааст. Паёмаки сокинон ҳамчун ариза қабул мешавад ва мансабдор ӯҳдадор аст, дар зарфи 24 соат ба он посух диҳад. Акмал Ализода, мудири шӯъбаи ташкилии шаҳри Конибодом гуфтааст, паёмакҳое, ки ба телефони мобили мансабдорон ворид мешавад, дар як махзани иттилоотии ҳукумати маҳаллӣ низ сабт мешавад. Раиси шаҳр охири ҳар ҳафта посухи мансабдорон ба аризаҳоро тафтиш мекунад.

Ализода гуфтааст, ҳоло рақами 13 мақомдор, ки назди идораҳояшон аз ҳама беш мардум барои расонидани арз навбат мепоянд, нашр шудааст.

“SMS ё паёмаки телефонӣ ҳамчун ариза қабул мешавад. Агар зарурат барои имзо гузоштан дар қарору ҳуҷҷате пайдо шуд, вақти муайяне таъйин мешавад ва сокин соатҳо пушти дар мунтазир намемонад ва вақти муайян омада, корашро анҷом медиҳад. Ҳам вақти мансабдор сарфа мешавад, ҳам вақти мардум. Масалан, ба ман муроҷиат шуду ҷавоб надодам, инро одами масъул ва раиси ноҳия тафтиш мекунад ва чора меандешанд”-гуфтааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *