Конибодом: Боздошти марде, ки бародару янгаашро кушт
Милитсияи Конибодом як сокини деҳаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Фирӯзобаро бо иттиҳоми куштори бародар ва ҳамсараш боздошт кардааст.
Шарифҷон Ашӯрови 66-соларо милитсия дар куштори бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова муттаҳам медонад.
Ин ду нафар 16-уми апрели соли 2024 дар хонаашон кушта шудаанд. Пайвандони боздоштшуда ӯро бегуноҳ медонанд. Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳи охир дар Конибодом ба таври мармуз беш аз 15 нафар кушта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ