КОНИБОДОМ: Духтаре, ки волидонаш худкушӣ карданд келин шуд

 Ҳодисаи дар тахшиси қабл аз издивоҷ бокира набаромадани як духтар дар деҳаи Қуруқи  ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом боиси марги фоҷеавори водилонаш ва  вайрон шудани тӯйи арӯсӣ шуда буд дубора вирди забоҳо шуд.

Духтар, ки  9 моҳ пеш ба як ҷавони  яке аз оилаҳои барӯманди шаҳр фотеҳа шуда, бояд 13- август  тӯйи арӯсияш баргузор мешуд. Аммо пас аз ин ҳодиса чи шудани тақдири духтар номаълум буд.  Имрӯз як манбаъ аз шаҳри Конибодом иттилоъ дод, ки духтар бо ҳамон ҷавоне, ки “обро лой  карда буд” оила барпо кардааст.

Дар ҳамин ҳол мардум ва ҳам пайвандони  марҳумон аз он афсӯс мехӯранд, ки “аз тақдир ҷои гурез набудааст ва дар вақти ба назди падари духтар омада ҳақиқати ҳолро иқрор шудани ҷавон ба оиладории онҳо розӣ мешуданд шояд ин ҳодисаи нохуш ва фоҷеавор рух намедод”.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

                                        

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *