Конибодом: Мардум навбатпоӣ мекунанду гулхан меафрӯзанд
Имрӯз, 23 декабр хабарнигори Pressa.tj пас аз дастгир шудани чанд гумонбари ҷинояти куштори вазнин боз ба шаҳри Конибодом сафар кард.
Ӯ бо пайвандони оилаи гумонбарони куштори ахир дар шаҳри Конибодом суҳбат кард.
Тавре маълум гардид, сокинони шаҳри Конибодом пас аз дастгир шудани ҷинояткорон ҳам гулхан меафрӯзанду шабона навбатпоӣ мекунанд.
Хабарнигори Pressa.tj дар вилояти Суғд Фарзона Шамсиева мегӯяд, мардуми чанд деҳоти шаҳри Конибодом беш аз 10-15 рӯз аст, ки шабона гулхан меафрӯзанд. Ҳамчунин, дар маҳаллаҳои аҳолишинин навбатпоӣ мекунанд.
Онҳо мегӯянд, баъди дастгир шудани ҷинояткорон ҳам дилпур нестанд ва шабона хоби ором надоранд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом «кушода шуда», алайҳи чанд нафар парванда боз шудааст.
Дар робита ба кушторҳо алайҳи
- Худойбердиев Солеҳҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ;
- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ;
- Равшанов Бахтиёр, таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор;
- Одилов Манучеҳр Солиҷонович, таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоев
парванда боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.
«Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад», -хабар медиҳад Прокуратураи генералӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ