Конибодом: Шантажи мард сарашро хӯрд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 28-солаи шаҳри Конибодом бо ҷурми тамаъҷӯйӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда бо зани 41-сола, сокини шаҳри Конибодом шиносоӣ пайдо намуда, бо ҳамдигар муносибатҳои маҳрамона доштаанд: “Моҳи апрели соли 2017 ин мард бо роҳи тамаъҷӯӣ аз зан барои фош накардани муносибатҳои шаҳвониашон маблағи 5 ҳазор сомонӣ талаб намуда, мунтазам бо тариқи телефонӣ таҳдид мекардааст”.

Манбаъ мегӯяд, ӯро рӯзи 8 майи соли ҷорӣ ҳангоми аз ҷабрдида гирифтани 2 ҳазор сомонӣ кормандони пулис дастгир кардаанд.

Вазорати умури дохилӣ меафзояд, боздоштшуда қаблан бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *