Конор барои падари Ҳабиб Дуои нек кард
Конор Макгрегор размовари ирландӣ, ки рақиби сарсахтӣ Ҳабиб Нурмагомедови доғистони ба ҳисоб меравад, ғайри интизор барои аз бамори шифо ёфтани Абдулманап Нурмагомедов дуо гуфт.
Тавре худи варзишгар дар саҳифаи “Twitter”-аш хабар медиҳад:
«Барои барқарор шудани саломатии Абдулманап Нурмагомедов дуогӯ ҳастам. Он шахсе, ки теъдоди зиёди қаҳрамонҳои ҷаҳонро дар ҳама намудҳои муҳориба ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ҷаноби аслии санъати муҳорибаҳои ҳарбӣ! Имшаб ин хабар маро хеле ғамгин кард. Дар ин рӯзҳои сахт дуогӯи оилаи Нурмагомедовҳо ҳастам».
Бояд гуфт, ки ин нахустин сухани нек дар ҳаққи хонадони Нурмагомедовҳо аз ҷониби Конор мебошад. Қаблан байни Ҳабиб ва ирландӣ ҳамеша ҷанги лафзи дар саҳифаи “Twitter” сар мезад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ