Конститутсия ҷавобгӯи ормону орзуи тоҷикон аст

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар қонуни асосӣ ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишвар дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуҳои халқи Тоҷикистон аст.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст».

Бо гузашти солҳо ҳаёт дар назди давлат ва миллат вазифаҳои нав ба нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро рӯи кор меорад. Аз ин рӯ, ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълоннамудаи Конститутсия пешбурди сиёсати бомаром, бонизом, дурандешона ва ватандӯстонаю ба манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат тавъамро, ки дар маҷмӯъ манфиатҳои миллӣ ном доранд, тақозо дорад.

Муҳим он аст, ки мо ба арзишҳои конститутсионӣ, ки онҳо аз арзишҳои миллӣ ва умумиэътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтидо мегиранд, содиқ бошем. Онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, ба хотири рушди миллӣ таҳким бахшем ва қоидаи рафтори ҳамагон гардонем.

Маҳмадов Х.Н., муовини директор оид ба кори табобатии Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *