Конститутсия дар ойинаи 30 — сол
Бар асоси назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия – шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, дар номи номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он дарҷ карда мешавад, ки эътибору ҷойгоҳ ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.
Амалияи сиёсӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои мутамаддини ҷаҳон собит мекунад, ки ҷараёни тағироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ зарурати такмили меъёру муқаррароти Конститутсияро ба унвони шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдориҳои миллӣ ба миён меорад ва ин раванд ҳамчун ислоҳоти конститутсионӣ пазируфта шудааст. Дар таърихи 30 – солаи мавҷудияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр рушди устувори ҷомеа тақозо намуд, ки меъёрҳои он такмил дода шуда, таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ гардад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.»
Конститутсия ҳамчун зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократӣ танҳо бо посухгӯӣ ба ниёзҳои замон ва заруратҳои дар марҳилаҳои муайяни рушди ҷомеа пешомада тавассути такмил ёфтани меъёру муқаррароти худ метавонад омили таъминкунандаи татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ ва сарчашмаи фардои дурахшон бошад. Аз ин нигоҳ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ҳанӯз аз солҳои аввали қабулаш аз ҷониби коршиносони муътабари ҷаҳонӣ ба унвони яке аз конститутсияҳои беҳтарин пазируфта шуданаш, дар тӯли мавҷудияти худ бо назардошти такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммал намудани низоми давлатӣ мавриди ислоҳоти конститутсионӣ қарор гирифт. Паҳлӯи муҳими масъала дар он аст, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҳисси саршори ватанхоҳӣ дар муҳокимаи тағиру иловаҳо иштироки фаъолона варзида, бо райъдиҳии ҷонибдорона ҳангоми баргузории райъпурсиҳо ислоҳоти конситутсиониро ҳамчун қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқӣ ва мақсади онро дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон қабул намуданд.
Агар ба нақши Конститутсия дар ҳаёти судҳои ҷумҳурӣ нигоҳ кунем, аён мегардад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ бори нахуст ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудани ҳокимияти судӣ маҳз ба меъёри муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи кишварамон асос ёфтааст, ки 30 – солагии қабули онро таҷлил менамоем.
Як паҳлӯи дигари басо муҳими тағиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсия, ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон ба ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқамандӣ дорад. Бо ин мақсад моддаи 85 дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки тибқи он ба вазифаи судяҳои Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, суҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки на кам аз 25 син дошта бошад.
Пас аз он ки зимни ислоҳоти конститутсионии тавассути райъпурсии умумихалқӣ суратгирифта банди 12 – уми моддаи 69 хориҷ гардид, Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ барҳам хӯрд, салоҳиятҳои ба он тааллуқдошта мутобиқи тартиби қонунгузорӣ ба Суди Олӣ дода шуд.
Мазмуну муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба рӯҳи замон ва марҳилаи кунунии созандагиву бунёдкорӣ, воқеияти имрӯзаинаи пойдории давлатдории миллӣ ва бақои истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ислоҳоти дуруст, ҳадафманд, бобарор ва мантиқии конститутсионӣ мувофиқ гардид, бешубҳа баҳри пирӯзиву музаффариятҳои тозаи Ватани маҳбубамон заминасозии боэътимод намуда, фардои дурахшон ва дурнамои боифтихорро асос ва бунёди воқеӣ хоҳад бахшид.
Суҳроб Рушанзода, раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ