Конститутсия — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон

Ҳуқуқу озодиҳои инсон сарчашмаи шаъну эътибори ӯ ва арзишҳои умдатарини тамаддуни дунявӣ ба шумор мераванд. Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз муҳимтарин нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, мавҷудияти яке бидуни дигаре номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи шаҳрвандии рушдёфта ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз омилҳои боризтарин аст.

Кафолати озодиҳои шаҳрвандон, яъне мақоми ҳуқуқӣ ёфтани онҳо тавассути қонунҳои он давлат, бахусус Конститутсия сурат мегирад. Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади хоси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо тафовут дорад ва ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.

Бахши ҳукуқ ва озодиҳои инсон дар бисёр конститутсияҳои замони муосир, аз ҷумла дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мафҳуми «шаъну эътибори инсон» оғоз мегардад. Дар моддаи 5-и он омадааст: «Ҳаёт, кадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд».

Сабт гардидани ин нукта, ки “ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд” (боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баёнгари волоияти ҳуқуқи инсонро дар мамлакати мо мебошад.

Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки вобаста ба сохтору марҳилаҳои давлатдорӣ қонуният ва рушди ҳуқуқии давлат ва ҷомеаро таъмин мекард. Аммо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбат ба конститутсияҳои қаблӣ дорои афзалиятҳо ва фарқи куллист.

Бисёр арзишҳои миллию давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи нави мамлакат мақому манзалати махсус ва воло пайдо карданд. Чунончи, бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон шуд ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ҳукми қонунӣ гирифтанд. Тибқи ин талабот ҳуҷҷатнигорӣ, коргузорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ барои фаъолияти созандагию бунёдкории мардуми шарифи тоҷик шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, шаҳрвандони малакат ва тамоми ҷомеаро баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамунсоз аст.

Сафархон ВОҲИДОВ,

мутахассиси пешбари Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *