Конститутсия таъмини волоияти қонун

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ду масъала табрикоти Раиси Кумита бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои банди 34 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 “Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва протоколи Маҷлиси васеи кории назди Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2019, №14” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози суханронӣ Раиси Кумита Қосим Роҳбар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда кормандони Кумитаро ба ин санаи фархунда табрик гуфт.

Инчунин Қосим Роҳбар таъкид намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоботи мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Аз ин рӯ, мо дар арафаи гузаронидани чорабиниҳои сиёсии интихобот ба Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ ва маҷлиси мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қарор дорем.

Аз ин лиҳоз, ҳар як кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани ин чорабиниҳои сиёсии мамлакатамон бояд, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар он зиндагӣ менамоем, ҳангоми сафарҳои худ аз ҷумла дар ҷойҳои истиқоматии худ маҳалла, деҳа, ҷамоатҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҷиҳати идеологӣ омода бошем, доир ба ин мунтазам донишҳои сиёсии худро баланд бардошта, дар мавзӯҳои ҳадафҳои стратегии кишвар, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба интихобот, барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан намкудан омода бошем.

Пас аз муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён аз ҷониби Раиси Кумита ҷамъбаст гардида, ба тамоми кормандони Кумита барору комёбиҳо таманно гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *