Конститутсия ва таъмини истиқлоли давлатӣ

6-уми ноябри соли 2024 мардуми Тоҷикистон 30-юмин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ҷашни 30-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Ба ибораи дигар, ҳар халқ ҳамон сарқонунеро дорад, ки ба он сазовор аст. Аз ин нуқтаи назар, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге  насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия сазовор мебошад. Чунки агар мавқеи илмӣ ва ҳам шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем, ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонист.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Табиист, ки таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароиту хусусиятҳои маҳалливу миллӣ қабулу такмили қонунгузории миллиро талаб мекунад. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқӯъ пайвастанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикисон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро аъзои ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, сохибихтиёрӣ ва истоқлолияти давлатӣ дар назар аст.

Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда,  дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо ва дигар чорабиниҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд. Дар заминаи ин меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, истифодаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, амнияти миллӣ ва ғайра қабул шуданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлоли давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.

Искандар Раҳматзода,

прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи якум

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *