Сафорати Русия: Дар Тоҷикистон теъдоди толибони шаҳрвандии Русия дар ҳоли афзоиш аст
Консули Русия дар Тоҷикистон изҳор кард, ки имсол 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи консул, шумораи ин афрод рӯз ба рӯз афзоиш ёфта ва ба ин хотир сафорат қасд дода намояндагии худро дар манотиқи дигари Тоҷикистон ифтитоҳ кунад.
Ин ибрози назари масъулони Сафорати Русия дар Тоҷикистон имрӯз, 25 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар ин нишаст намояндагони Россотрудничество, масъулони хадамоти муҳоҷирати Русия иштирок доштанд.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки равобити ду кишвар рӯ ба густариш аст ва дарс оли 2019 гардиши мол ба 1 миллиард доллар расидааст.
Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки бунёди 5 мактаб аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон аз сӯйи Думаи давлатӣ ратификатсия шуда ва сохтмони онҳо соли оянда шурӯъ хоҳад шуд.
Ба саволи pressa.tj бо кадом барнома таълим гирифтани хонанда гон ва аз ҷониби муаллимони кадом кишвар таълим додани онҳо сафир гуфт, ки ин мактабаҳо тибқи барномаи Русия фаъолият карда, ба замми он география , забон ва адабиёти Тоҷикистон таълим дода мешавад.
Ба хатмкунандагони мактаб шаҳодатномаи Русия дода шуда ва ҳамчунин, барои таълим 30 фоиз муаллимон аз Русия ҷалб хоҳанд шуд.
Сафри Русия изҳор кард, ки маблағи интиқолӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз Русия қариб 3 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ