Корҳои сохтмонӣ ва рафъи паёмадҳои бархӯрди низомӣ дар марз дар арафаи анҷомёбист

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз арафаи анҷомёбии корҳои сохтмон ва рафъи паёмадҳои бархӯрди низомии ахир дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмон ва барқарорсозии  харобаҳои бархӯрди низомӣ, бунёди хонаҳои нав барои сокинони шаҳру ноҳияи наздимарзии Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки манзили истиқоматиашон комилан харобу валангор шуда буд, ба шиддат идома дорад.

— Бино ба гузоришҳои расида, корҳо ҳоло дар арафаи анҷомёбианд. Айни замон қисмати бештари корҳо ба анҷом расидаву хонаҳои нав бунёд мешаванд ва сохтмончиён машғули охирин корҳои бунёди манзилҳои истиқоматианд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *