Кор барои иҷора. Нигаронии сокинон аз болоравии нархҳо

Субҳон корманди яке аз корхонаҳои давлатӣ аст. 2600 сомонӣ маош мегирад. Пас аз ҷустуҷуҳои зиёд дар канори шаҳр хонаеро дар бинои навсохте, ки ҳанӯз сохтмонаш ба охир нарасидааст, иҷора гирифт. Моҳе 2000 сомонӣ бояд иҷорапулӣ диҳад.

Субҳон мегӯяд, ки илоҷи дигаре надошт, ҷуз он ки дар маҳаллаи “Зарафшон” дар сохтмони нотамом иҷоранишин шавад. “Сохтмони бино тамом нашудааст. Ҳанӯз лифтҳо кор намекунанд, вале соҳибхона хонаи худашро таъмир кардаву бароям иҷора дод. Шукр, ки ҳамсарам ҳам кор мекунад. Маоши ман ба иҷора ва роҳкирои худам сарф мешавад, ҳамсарам бори рӯзгорро мекашад”,- мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Субҳон мегӯяд, бо маоше, ки мегирад, харидани хонаи шахсиро ҳатто орзу намекунад. “Ба умеди Русия будам. Баъди хатми донишгоҳ 2 сол рафта кор кардам, пул ҷамъ карда, омада зан гирифтам. Ҳоло корам бад нест, гарчанде маош кам аст. Дигар ба Русия рафтан намехоҳам, зеро азоби муҳоҷириро дигар тоқат карда наметавонам”,- мегӯяд ӯ.

Чун Субҳон вақтҳои охир нафарони зиёде аз гарон шудани нархи иҷора дар пойтахти кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳамсуҳбати дигари мо Амриддин Низомзода низ иҷоранишин аст. Ӯ мегӯяд, ки «дар дарёфти иҷора хело танқисӣ кашидам. Қаблан дар роҳ ё назди биноҳо рӯйхати иҷораҳо навишта мешуд, аммо ҳоло бо ин навиштаҳо хеле кам дучор мешавем. Дар газета ё интернет барояд ҳам, аксаран нархҳо гаронанд. Ахиран, пас аз ҷустуҷӯи зиёд иҷораеро аз як бинои чорошёнаи дур аз марказ ба маблағи 1500 сомонӣ пайдо намудам, ки иборат аз 1 хона ва бидуни таҷҳизоти дохилӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки барои дарёфти иҷора аз «миёнарав — посредник» истифода бурдам, ки ҳақи ӯро низ 300 сомонӣ пардохт намудам. Бар замми ин, лавозимоти хона (дастгоҳи барқ, душ, термекс, кран…) фарсудаанд ва зуд-зуд аз кор мебароянд. Таъмир ҳам намоем, аздусар вайрон мешаванд. Ин хонаҳо алакай куҳна шудаанд”.

“Ман фикр мекунам, ки омили асосии аз кор рафтани ҷавонон — ин надоштани хонаи истиқоматӣ дар шаҳр мебошад. Агар оиларо дар деҳа гузоштаву дар шаҳр зиндагӣ кунем, ин ҳам мушкил аст. Бизгор нархи иҷора вобаста ба шароит ва маоши кормандон бошад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо Муҳаммадҷон Қосимзода.

Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо нархи иҷора дар пойтахти кишвар боз ҳам боло меравад. Ҳоло арзиши иҷораи якҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр ва наздик ба он аз 2000, 2-ҳуҷрагӣ аз 3 ҳазор ва 3-ҳуҷрагӣ беш аз 4 ҳазор сомонӣ шудааст. Дар маҳалҳои атрофи шаҳр нархи иҷора арзонтар бошад ҳам, вале назар ба солҳои пешин хеле гарон аст.

Ногуфта намонад, ки аз нархи иҷора донишҷӯён ҳам азият мекашанд. “Мо 4 нафар хонаи дуутоқаро иҷора мегирем. Соли аввал 1500 сомонӣ буд. Бо гузашти 3 сол 2,5 ҳазор сомонӣ шуд. Барои мо душвор аст, вале чораи дигар надорем”,- мегӯяд Дилноза, донишҷӯйи яке аз муассисаҳои олии кишвар.

Бархе мегӯянд, ки надоштани ҷойи истиқомат барои коргарон аксар вақт омили асосии тарки фаъолият намудан ва мушкилӣ кашидани онҳо дар шаҳр мешавад. Махсусан, мутахассисони ҷавон маҷбуранд тарки пеша намуда, ба муҳоҷират раванд.

“Хуб мешуд, агар корхонаҳо, вазорату идораҳо низ аз ҳисоби даромадҳояшон барои коргарони худ манзилҳои истиқоматӣ бунёд кунанд ва бо нархи дастрас онҳоро ба кормандонашон фурӯшанд ё иҷора бидиҳанд, яъне роҳҳое бояд пайдо кард, ки мардуми маошхӯр бо манзили зист таъмин шаванд”.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *