Кор дар Қатар. Аз маош то рӯйихати касбу талабот
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд. Вазорат рӯйихати касбу ихтисосҳои дар ин давлат серталабро нашр кард.
Хоҷагиҳои фермерӣ:
— оператори калони коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;
— техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;
— техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;
— корманди озмоишгоҳ (лаборант), бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нушокиҳо;
— назоратчии системаи ETP/RO, дорои дипломи дараҷаи бакалавр дар муҳандисии кимиёвӣ;
— ширҷушӣ.
Мутахассисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо, аз қабили:
— назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ;
— механики дизел;
— ёрдамчӣ дар анборҳои мошинҳои боркаш.
Пешниҳоди шароит аз ҷониби корфармо:
— музди меҳнат аз 550 доллар боло вобаста ба ихтисос;
— харидори чипта ва раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пешбинӣ мегардад;
— кор танҳо барои шаҳрвандони донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад;
— синну сол: аз 20-40-сола;
— барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англисӣ пешниҳод намоед.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро “Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа»-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад.
Хоҳишмандон метавонанд тавассути рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар бораи кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ