Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо забони ӯзбекӣ дар Қубодиён

Нигаронии Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди паҳншавии ақидаҳои терористиву экстримистӣ дар байни аҳолӣ ба он оварда расонид, ки онҳо тасмим гирифтанд то музокирот ва корҳои  фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии ӯзбекзабони Тоҷикистон ба забони модарии худашон гузаронанд. Мақомот умедвораст, ки сӯҳбат дар бораи хатари терроризму экстримизим ва оқибатҳои гаравидан ба гурӯҳҳои терористӣ аз ҷумла «ДИ» дар Ироқу Сурия бо забони ӯзбекӣ муаасиртар хоҳад буд.

Аз ҷумла ин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонони ӯзбектабори Қубодиён, ки 220 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст гузаронида шуд. Бино ба омори расмӣ танҳо аз деҳаи Навбаҳор собиқ Қизилнишони ин қитъа, ки асосан ӯзбекон умр ба сар мебаранд 13 нафар ба Сурия сафар кардаанд. Дар сафи «ДИ» дар Ховари Миёна 74 сокини Қубодиён аз ҷумла 9 нафар занон ва кӯдакони ноболиғ ҳастанд. Нисбати онҳо дар зодгоҳашон парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуда онҳо дар рӯйхати таъкибшавандагон қарор доранд. Хабар дода мешавад, ки аксарияти  ҷангҷӯёни Қубодиён ӯзбек мебошанд.

Тоҷиниссо Шарипова муовини раиси ноҳияи Қубодиён гуфт: «Мо ҳатто ба қароре омадем, ки як шафати рӯзномаи минтақавии «Тахти Қубод»-ро бо забони ӯзбеки дар робита ба мавзӯъҳои хатари терроризму экстримизм ба чоп диҳем. Бо аҳолии ӯзбекзабони ин ноҳия бо забони модариаашон сӯҳбатҳо оростем»

Аҳолии Қубодиён ба 171 ҳазор нафар расидааст. 700 нафар, яъне 41%-и онро ӯзбекон ташкил медиҳанд. Диаспараи ӯзбекон асосан дар минтақаи деҳоти ҷамоати «20 солагии истиқлолият» ба сар мебаранд ва аксарияти онҳое, ки ба ДИИШ ҳамроҳ шуданд сокинони ҳамин ҷамоат мебошанд.

Дилрабо Саидова раиси ҷамоти кишоварзии ин минтақа гуфт, ки тасмими ҳукумат дар бораи бо забони ӯбекӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дуруст аст. Зеро на ҳамаи ӯзбекҳо забони тоҷикиро хуб медонанд.

Се писари Шариф Шералиев сокини 65-солаи деҳаи навбаҳор ду сол боз дар Сурия қарор доранд. Ин хабарро Шералиев аз мақомоти маҳаллӣ дарёфт ва борҳо кӯшиш намуд то писаронашро аз ин минтақаи пурхатар баргардонад, вале ин кор ба вай на танҳо муясар нашуд,балки писаронаш ҳатто дигар ба вай занг заданро низ қатъ карданд. «Ҳоло ман дар бораи тақдири онҳо ҳеҷ чизе намедонам,зеро ду сол пеш вақто ба  занг заданд ман ба онҳо гуфтам,ки ин амалашон хатову шармовараст. Онҳо зану фарзандонашонро низ бо худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба рӯсия бурда буданд. Ман ҳатто дар бораи онҳо ягон маълумоте ба даст оварда натавонистам. Ба бачаҳое,ки ҳамроҳашон дар Русия кор мекарданд занг задаму онҳо ҳам дар бораи куҷо рафтани писаронам чизе намедонистаанд» гуфт Шариф Шералиев.

Сокинони деҳаи Навбаҳор ба пуррагӣ ӯзбектаборанд. Ба наздики даҳ нафар сокини маҳаллиро барои узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ба паси панҷара равон кардабуданд. Бино ба итилои ҳукуматдорон ҷавонон аз инҷо асосан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта аз онҷо ба «ДИИШ» ҳамроҳ мешаванд.

Мақомот мегӯяд, ки сӯҳбати пешгирикунанда алакай самардодаистодааст ва сафи ҷавонони ба Ховари Миёна мерафтагӣ кам шудаистодааст.

Дар маҷмӯъ 74 сокини Қубодиён ба рӯихати экстримистон шомил карда шудаанд. Аксарияти онҳо дар Сурия қарор дошта нисбат ба бисёрии онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Кам нестанд ҳолатҳое,ки ба Сурия якчанд нафар аъзои як оила мераванд. Чор нафар аъзои як оила ва се нафар аъзои оилаи дигар аз Қубодиён дар марзи Туркия ҳангоми кӯшиши ба Сурия рафтан  дастгир карда шуданд.

 Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти 516 нафар сокинони вилояти Хатлонро,ки дар ҷангҳо дар Ховари Миёна иштирок мекунанд, муаян кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *