Кордзанӣ дар бозори “Саховат” бо ҳалокати ҷавони 25-сола анҷомид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як марди 32-солаи сокини шаҳри мазкурро бо гумони кордзанӣ ба ҷавони 25-сола дастгир кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум гардид, ки рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб марди 32-сола бо ҷавони 25-сола бинобар сабабе, ки гумонбаршаванда аз ҷабрдида маблағи пулӣ қарздор будааст, аз номбурда баргардонидани маблағи пулиашро талаб кардааст. Сипас, онҳо байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида задааст.

Дар натиҷа, ҷавони 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *