Кордзанӣ ва авбошӣ сабаби марги ду нафар гардид

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе.

Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2020, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 21-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ ду маротиба ба гарданаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин дастгир карда шуд.

Бояд гуфт, ки номбурда, санаи 2-юми декабри соли 2019, тахминан соати 21:30 дақиқа дар каҳвахонаи “Сабрина”, дар ҳолати мастӣ бо марди 57-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, ӯро лату кӯб намудааст. Ва дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *