Кордзанӣ дар назди студияи сабти овоз

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати авбошӣ дар яке аз студияҳои сабти овози шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи иттилои ВКД ба мақомоти милиса ду марди 27 ва 29-сола аз шаҳри Душанбе ва як сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат карда арз доштаанд, ки “22-юми сентябри соли равон, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҳангоми дар студияи сабти овоз, воқеъ дар кӯчаи Лучоби пойтахт қарор доштанашон, шахсони номаълум тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, онҳоро бе ягон асос лату кӯб кардаанд. Баъдан, яке аз онҳо бо корд як маротиба ба лаби марди 29-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст”.

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ҷавони 21-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд: “Барои муайян ва дастгир кардани нафарони дигар амалиёт идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *