Кордзании ноболиғ дар Душанбе

Мақомоти милитсия ноболиғи 17 сола ва ду ҳамроҳашро барои расонидани зарраи вазни ҷисмони бо истифода аз корд дасгир намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузарони корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-сола ва ду ҷавони 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе, санаи 12-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 21:00, ҳангоми дар кӯчаи У.Законӣ қарор доштанашон, бо ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи Матросови пойтахт вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату кӯб намуда, як нафарашон 3-маротиба бо корд, дар қисмати қафаси синаи чапаш задааст. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *