Коренков: Суғд минтақаи доро ва саноатӣ аст
Тақрибан 30 дарсади ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия ба вилояти Суғд рост меояд.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Суғд — водии имкониятҳо» изҳор доштааст.
“Намоишгоҳи X-уми байналмилалӣ — ин як пешравист, ки ба вилояти Суғд барои содироту воридот такони ҷиддӣ медиҳад. Барои мо вилояти Суғд тақрибан 30%-и ҳаҷми умумии гардиши мол, ҳам воридот ва ҳам содиротро ташкил медиҳад”,- қайд кард Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, агар дар маҷмуъ дар бораи Тоҷикистон сухан ронем, ин беш аз 60 дарсади тавлидоти дохилиро ташкил медиҳад.
«Ин минтақаи доро ва маркази саноатӣ мебошад”,- қайд кард намояндаи тиҷоратии Русия.
Таъкид гардид, ки Суғд ба суръати рушд ва афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон таъсири назаррас мерасонад. Ҳамчунин, Коренков ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ташкили намоишгоҳ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии иқтисодии «Суғд — водии имкониятҳо» дар шаҳри Хуҷанд бори даҳум аст, ки баргузор мешавад. Дар он рӯзҳои 18-19-уми июн зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ