Коргардони филми «Шикорчиёни арвоҳ» Айван Рейтман даргузашт
Коргардони канадагӣ Айван Рейтман вафот кард. Ӯ 85-сола буд. Дар бораи марги ин ходими фарҳангӣ хабаргузории Associated Press бо такя ба маълумоти хонаводаи коргардон иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, марг замоне фаро расидааст, ки Рейтман дар хонаи худ дар Калифорния қарор доштааст. Сабаби фавт гуфта нашудааст.
Бояд гуфт, ки Айван Рейтман солҳои 80 ва 90 ҳамчун коргардони филмҳои мазҳакавӣ шуҳрат пайдо кард. Аз ҷумла, ӯ филмҳои “Шикорчиёни арвоҳ” (1984) ва “Шикорчиёни арвоҳ-2”-ро наворбардорӣ кардааст.
Инчунин, мавсуф дар кори филмҳои «Бетховен» (1980), «Бетховен-2» (1993), «Евротур» (2004), «Дугоникҳо» (1988), «Пулиси хонаи кӯдакон» (1990), «Ҷуниор» (1995) ва «Шаш рӯз, ҳафт шаб» (1998) иштирок намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ