Кори хуб кунед, нафақаи хуб гиред!
Муҳоҷироне, ки ба таври расмӣ дар Русия кор мекунанд, дар дарёфти нафақа бо шаҳрвандони ин кишвар баробаранд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд даъват кард, ки барои дарёфти нафақа дар он давлат расмӣ кор кунанд.
Дар ин бора Даврон Вализода, раҳбари раёсати таъминоти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, миёни кишварҳои ИДМ ҳанӯз аз соли 1999 созишномае буд, ки бар асоси он ҳар шаҳрванде, ки дар кишвари аъзои иттиҳод кору фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон даъватро мегирад.
Бино ба итиллои Вализода, аз сабаби он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор кардаву баргашта нафақаро дар кишвари худ мегирифтанд, ба он созишнома, каме мухолифат дошт, ки ин вазъ ҳоло роҳи ҳалли худро ёфт.
Моҳи августи соли 2021 созишномаи дахлдор имзо шуд, ки тибқи он ҳамакнун шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд, имкони дарёфти нафақаи он кишварро доранд.
Намояндаи Агентӣ гуфт, чунин созишнома танҳо ба онҳое дахл дорад, ки дар Русия расман кор мекунанд.
Даврон Вализода афзуд, ки: “Аз ҳамаи муҳоҷирон даъват мекунем, бештар дар ҷойҳое кор кунанд, ки расман ба қайд гирифта шаванд. Агар маошашонро пурра нишон диҳанд нафаақаи хуб мегиранд. Дар самти дастрасӣ ба нафақа бо шаҳрвандони Русия баробаранд”.
Ӯ гуфт, агар ними кори шаҳрванд дар Тоҷикистон бошад, кишвар низ нафақа медиҳад.
Вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб, қаблан шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дода гуфт, онҳо инро аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ