Мушти духтарони тоҷик ба ҳадаф нарасид

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни духтарони ҷавон, ки аз 19 то 26 ноябр дар шаҳри Гуваҳатии Ҳиндустон идома меёбад, варзишгарони тоҷик

Сумайя Қосимова (48 кг), Мадина Ғаффорова (51 кг), Мадина Абдухолиқзода (57 кг) ва Идимоҳ Холова (60 кг) иштирок карда, дар даври муқаддамотӣ аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.

Дар рӯзи аввали сабқатҳо Мадина Ғаффорова бар варзишгари Чин Янг Ванг бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, вале дар даври дуюм, 21 ноябр аз намояндаи Тайпей Тсзу Ҳсуан Чен бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид. Идимоҳ Холова аз варзишгари Маҷористон Вероника Велас, Мадина Абдухолиқзода аз намояндаи Чин Саллинг Ҳу, Сумайя Қосимова аз намояндаи Ирландия Калтин Фрийерс мағлуб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *