Корманди ҳарбӣ бо пора ба даст афтод
Торнамои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Хушев Хуршед Алимардонович 31 майи соли 2017 ҳангоми дар вазифаи нозири мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карданаш “бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ, аз шаҳрванд Ниязов И.Н., бо ваъдаи додани билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарби 3500 сомонӣ талаб мекунад”.
Ба иттилои манбаъ, баъди гирифтани маблағ ӯ аз ҷониби кормандони мақомот дастгир мешавад. “Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 августи соли 2017 Хушев Х.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 сомонӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқӣ ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва роҳбарикунанда ба муҳлати 2 сол таъин карда шуд”,-меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ