Корманди БДА бо домод дасбагиребон шуд

Дар шаҳри Турсунзода рӯзи 9 август моҷарои байни кормандони ГАИ ва комиссияи танзим бо шаҳмардҳо аз як корвони тӯй ба баҳси тунд ва ҳатто занозанӣ печид. Мақомот аҳли ин тӯйро ба вайрон кардани қонуни танзими расму ойин айбдор мекарданд.

Дар Интернет навори видеоие нашр шудааст, ки дар он ҷавонони шаҳмард аз як корвони тӯйи арсӯӣ баъди манъ кардани онҳо аз ҷониби кормандони БДА бо нозирони роҳ вориди баҳс ва ҳатто гиребонгирӣ мешаванд. Дар навор як корманди милиса худро ходими БДА шаҳри Турсунзода ва як марди дигар, ки либоси мулкӣ дар тан дошт, худро раҳбари комиссияи танзими ин шаҳр муаррифӣ мекунанд.

Кормандони ГАИ рақамҳои давлатии чанд мошини ин корвони тӯйро кушода мегиранд ва ин сабаби муноқиша байни шаҳмардҳо ва кормандони милиса шудааст.

Як манбаъи муътамад хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи 9 август дар назди мактаби миёнаи рақами яки шаҳри Турсунзода рух додааст. Бино ба ин манбаъ, «ин муноқиша аз ҷониби ШКД ш. Турсунзода мавриди санҷишу омӯзиш қарор дорад.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонуни танзими расму ойин, ки дар соли 2007 қабул шудааст, шумораи меҳмонони тӯй ва ҳатто теъдоди мошинҳо дар корвони арӯсӣ маҳдуд карда шудааст. Барои вайрон кардани муқаррароти ин қонун то 6000 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *