Корманди БДА-и Русия 3 фарзанди муҳоҷирро бо мошин пахш кард
Дар Русия корманди БДА бо мошинаш се кӯдаки муҳоҷирро пахш кард. Ҳодисаи нохуш шоми 14-уми сенятбр, дар шаҳраки Михневои Ступино рух додааст.
Расонаҳои Русия иттилоъ додаанд, ки ҳангоми 3 кӯдаки муҳоҷир, ки бидуни роҳнамоии калонсолон аз роҳ мегузаштаанд, корманди 27-солаи БДА бо мошин пахш кардааст.
Кӯдакон бар асари садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Аз 3 кӯдаки зери чархи мошин монда 2 нафарашон фарзандони як оилаи муҳоҷири тоҷик буда, яке 4 ва дигарӣ 7 сол доштааст.
Кӯдаки сеюм фарзанди муҳоҷири ӯзбек буда, 5-сола аст. Ҳамаи кӯдакон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки падари ду кӯдаки ба садама гирифторшудаи тоҷик бекор буда, танҳо модарашон ба сифати хазинадор кор мекардааст.
Падари кӯдаки ӯзбек низ ҷойи кори доимӣ надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ