Корманди пулис ҳамкорашро паронда кушт

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон як корманди пулис дар натиҷаи захме, ки аз тири силоҳи ҳамкори худ бардошта буд, дар беморхона ҷон бохт.

Вазири умури дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов 27 сентябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ин ду корманди пулис бо ҳам хешутабор буданд. Ба гуфтаи вазир, маъмури пулиси навбатдор бо шавҳари хоҳари худ муноқиша карда, ӯро мепаронад.

«Дар натиҷа ӯ соати 20:00 дар беморхона ҷон бохт», — гуфт Қосимов пеш аз ҷаласаи сенати Қазоқистон дар Остона.

Ба гуфтаи ӯ, роҷеъ ба ин ҳодиса бо банди «Куштор» парванда боз шуда, ҳамзамон қазияро Идораи амнияти дохилии худи вазорат таҳқиқ дорад.

«Мутаассифона, табибон натавонистанд, ҷони корманди пулисро, ки дар пайи як муноқиша аз сӯи ҳамкори худ паронда шуд, наҷот диҳанд. Бо вуҷуди ҷарроҳӣ ва талошҳои табибон ӯ дишаб ҷон дод», — иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Алмос Садубоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *