Корманди “Тоҷикистон” 3 000 доллар ёфту ба соҳибаш баргардонд

Корманди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Умед Султонов имрӯз ҳангоми нисфирӯзӣ ҳодисаи аҷибро ба ҳамкорон нақл кард. Ӯ гуфт, ки рӯзҳои наврӯзӣ дар назди бозори марказии Ҳисор як ҳамёнро бо пулу ҳуҷҷатҳо пайдо кардааст.

Тафсилоти чӣ гуна ёфт шудани бастаи доллар ва баргардонидан ба соҳибашро ӯ чунин нақл кард:

— 23-юми март буд. Бо аҳли оилаамон барои ҷашни Наврӯз ба хонаи бибиам, Ҳисор рафтем. Мошинро дар назди бозори марказии Ҳисор мондам, то модарам даромада, харид кунанд. Худам бо фарзандони хурдсолам дар дохили мошин нишастам. Ногоҳ назарам берун аз  мошин, ба ҳамёни рӯйи замин афтод. Гирифтам ва дар дохили мошин ҳисоб кардам, ки 3000 доллар, як миқдор сомонӣ ва шиноснома аст.

Баъди тақрибан 10 дақиқа занеро дар берун дидам, ки бо хотири парешон аз одамони роҳгузар ҳамёни гумшударо мепурсад. Чун дидам, ки бо либосҳои азодорист, дилам сахт сӯхт ва назди мошин даъват кардам. Тамоми чӣ гуна гум шудани ҳамёнро пурсидам. Ҳамаашро рост гуфт. Ҳамёнро бо тамоми маблағаш ба ин зан баргардонидам. Ӯ хурсанд шуд ва бароям 100 доллар ҳадя пешниҳод кард, аммо нагирифтам. Маълум шуд, ки шавҳари ин зан чанде пеш аз олам гузашта будааст. Ӯ нақл кард, ки дар маркази шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад ва ин маблағҳои қарз аст, ки бояд ба соҳибонаш бармегардонд.

Ин зан баъди нагирифтани 100 доллар хонаи бибиамро пурсид. Дар ҷавоб кӯчаи Айнӣ гуфтам. Вақте ки ҳодисаро дар хонаи бибиам нақл мекардам, ногоҳ як марде дарро тақ-тақ зад. Мард як почаи гӯсфанд дар даст вориди хона шуд. Намедонам, шояд ягон нафаре аз пайвандони он зан буд, ки маро дида хеле хурсанд шуд ва гӯшти гӯсфандро доду сипос гуфт.

Ман бошам, офаринаш хондам ва номи он занро пурсидам. “Апаи Гулбибӣ” гуфт.

Вале афсӯс, ки Умед Султонов ному насаби пурраашро фаромӯш кардаасту ҳатто акс нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *