Корманди ЗАГС бо ришва ба даст афтод

Қосимов Алиҷон ,корманди сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ ё ЗАГС)-и шаҳри Панҷакент, барои гирифтани 1000 сомонӣ маблағи пулӣ аз як шаҳрванд, аз тарафи кормандони мубориза бо коррупсия боздошт гардидааст.


Қосимов Алиҷон ,корманди сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ ё ЗАГС)-и шаҳри Панҷакент, барои гирифтани 1000 сомонӣ маблағи пулӣ аз як шаҳрванд, аз тарафи кормандони мубориза бо коррупсия боздошт гардидааст. Қосимов Алиҷон соли тавллудаш 1991, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос аст.Алиҷон Қосимов қариб як сол пеш ба идораи САҲШ-и Панҷакент ба кор омада буд.Ӯ аз  як сокини шаҳри Панҷакент, барои иваз кардани ному насаб 1000 сомонӣ маблағ талаб мекунад. Аммо дар асл супоридани ҳаққи хизмати ивази ному насаб дар Амонатбонк 160 сомонӣ  аст. Кормандони шӯъбаи Раёсати агентии молиявӣ давлатӣ ва мубориза бо корупсия дар водии Зарафшон, ҳангоми гирифтани маблағ аз корафтода, корманди САҲШ-ро дастгир мекунанд. Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, айни замон нисбати гумонбар Қосимов Алиҷон бо моддаи 324 қисми 1-и Кодеки ҷиноятии ҶТ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *