Кормандонашро берун карданду сардухтур фавтид

Ҳасан Сайфиев, сардухтури Маркази ташхиси вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 4 феврал — дар рӯзи берун кардани кормандони муассисаи тиббӣ аз бино аз сактаи қалб фавтид. Наздики 30 табиб ва ҳамшираҳои шафқат дар назди бинои ҳукумати вилоятӣ гирди ҳам омаданд.
Ба гуфтаи яке аз табибон, ба кормандони Маркази ташхис ба таври ногаҳонӣ хабар доданд, ки яке аз ду бинои Маркази ташхисро холӣ кунанд.

«4 феврал аз мо талаб карданд, ки фавран бинои чаҳорошёнаи Марказро холӣ кунем. Ба мо гуфтанд, ки бинои моро ба табибони дигар медиҳанд. То соати 12 шаб мо дастгоҳҳои тиббиро аз бино берун бурдем», — мегӯяд яке аз табибони Маркази ташхис.

Ба гуфтаи ин табиб, шаби ҳамон рӯз сардухтур Ҳасан Сайфиев сактаи қалбӣ шуд. Вай дар коргоҳ фавтид, нақл мекунад ин шоҳиди ҳодиса.

Фардои он рӯз кормандони Маркази ташхис назди бинои ҳукумати вилоятӣ ҷамъ омаданд.

«Барои ҳамаи мо аламовар буд. Чаро мақомот чунин тасмим мегиранд? Имкониятҳои маркази моро ба назар намегиранд? Онҳо ҳатто шумори беморони моро ба эътибор нагирифтанд. Чаро сарнавишти наздики 200 табибу ҳамшираи шафқат касеро ба ташвиш намеорад? Моро пулис нагузошт, ки вориди бинои ҳукумати вилоятӣ шавем. Аз мақомдорон низ касе назди мо набаромад», — гуфт як табиби Маркази ташхис.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *