Кормандони амният соҳиби хонаҳои нав шуданд

76 корманди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нави баландошёнаи шаҳри Душанбе соҳиби хонаҳо шуданд. Имрӯз, 29 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони мақомоти амният тақдим намуданд. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад.

Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтааст.

Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён, Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамовардашуда чораҳои зарурӣ андешида шавад, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, ҳамчунин солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.

Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *