Кормандони БДА бонувони ронандаро бо рӯзи Модарон табрик намуданд.
Раёсати БДА-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар арафаи Рӯзи Модар саҳмияи «Баҳор, зебогӣ, салиқа» -ро ба амал баровард.
Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳҳои хурду калони ҷумҳурӣ шабу руз дар хизматанд. Нозирон ба ҳаракат дар роҳ диққати асосӣ дода, ҳамзамон бо вайронкунандагони қоидаҳои нақлиёт ва ҷиноят дар роҳҳо мубориза мебаранд ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Рӯзи 7 март, дар арафаи Рӯзи Модар, онҳо чун афсарони ҳақиқӣ боз як вазифаи масъулиятнокро бар дӯши худ гирифтанд, ин ҳам бошад табрик намудани бонувони сари чанбари мошин нишаста аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва ба онҳо супоридани гул ва даъватнома ба чорабинии боҳашамати «Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон»- TajikistanFashionWeek. Бонувони ронанда аз лутфу марҳамати нозирон ва туҳфаи олиҳимматонаи онҳо хеле хушҳол гаштанд ва ҳар кадом миннатдории хешро ба Вазир ва кормандони ВКД ҶТ изҳор намуданд.
«Ман аввал ҳайрон шудам, ки чаро маро нозири БДА манъ намуд, чунки барои ин асос надошт. Вақте дидам, ки ба манн табассумкунон гул дароз мекунанд, табассум намудам, ва вақте, ки ба «ҳафтаи мӯд» чипта-даъватнома доданд, хурсандиам беканор гашт, ана инро туҳфа мегуянд»,-иқрор шуд дар суҳбат Дилафруз Неъматуллозода, ки 6 сол таҷрибаи мошинронӣ дорад.
Бонуи дигар-Шарипова Малоҳат 25 сол боз мошин меронад. Вай иброз дошт, ки «хеле аз илтифоти кормандони БДА шод гаштам, ҳарчанд, ки маро сари роҳ кам манъ мекунанд, ҳар вақт манъ кунанд, хавотир мешавам, имруз бошад, туҳфаи тасодуффӣ маро хеле хурсанд гардонд».
Баҳор Абдуалиеваро имруз нозирон се маротиба ба канори роҳ даъват карданд ва ҳар дафъа бо суханони табрикӣ ҷавоб доданд. «Бори сеюм,вақте ба ман чиптаи Tajikistan Fashion Week-ро супориданд, аз ҳаяҷон лол мондам. Хеле мехостам ба ин чорабинӣ равам ва орзуям дар арафаи ид ҷомаи амал пӯшид!»
Чӣ тавре, ки сардори Раёсати БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Ғиёс Насимзода қайд намуд, бонувон ронандагони боинтизом ҳастанду ба вайронкунии қоидаҳои роҳ аз мардон камтар роҳ медиҳанд, онҳо зебу зиннати роҳҳои пойтахти мо мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ