Кормандони БДА-ро аз роҳ мегиранд
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ аз кучаҳои шаҳри Душанбе бардошта мешаванд. Ин кор бо дастури Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, патрулҳо ҷойгузини кормандони БДА дар роҳҳои пойтахт хоҳанд шуд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ рӯзи 4 декабр бо тасдиқи ин хабар ба гуфтааст, ин кор бо ҳадафи аз байн бурдани тамшабавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе гирифта шудааст.
Умарҷони Эмомалӣ афзуд, минбаъд кормандони БДА дар даромадгоҳ ё саршавии кӯчаҳо меистанд. Ба қавли сухангӯи ВКД, “ба хотире, ки дар кӯчаҳои шаҳр тамбашавии нақлиётҳо ба миён наояд, аз ҳамин ҳисоб минбаъд патрулҳо гаштугузор мекунанд. Минбаъд дар даромад ё саршавии кӯчаҳо чунин як постҳо мешаван. Тартиботи воситаҳои нақлиётро дар шаҳр патрулҳо ҳама вақт зери назорат мегиранд.”
Номбурда инчунин гуфтааст, ки тартиби мазкур дар навбати аввал дар кучаҳои марказии шаҳри Душанбе аз охири ҳафтаи гузашта ҷорӣ шудааст. Аммо ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, патрулҳо ҳам ҳақ доранд нисбати қонунвайронкуниҳо чораҷӯи намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ