Кормандони IRS зери тарма монданд
Мақомоти ширкати Инноветив Роуд Солюшнз (IRS) – масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Хуҷанд гуфтанд, ки аз 8 кормандашон, ки рӯзи 18-уми феврал зери тарма монданд, 4 нафарашонро наҷот додаанд, вале кунун сарнавишти чаҳор нафари онҳо рӯшан нест.
Мақомоти ширкат субҳи 19-уми феврал бо нашри баёнияе гуфтанд, «Хушбахтона, субҳи имрӯз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуданд.» Аммо сарнавишти се нафари дигар ҳанӯз номаълум аст. Рӯзе пештар аз ин ду мошини поксозии роҳ бо ҳашт корманди ширкати муттасадии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ зери тарма монданд ва се кормандро бо ҷароҳатҳои вазнин аз зери тӯдаҳои барф берун кашида, як нафари онҳоро барои табобат ба бемористони ноҳияи Айнӣ фиристодаанд.Ин намояндаи IRS гуфт, ки ҳашт корманди онҳо дар ду мавриди тармафароӣ дар километри аз 48 то 84-ум зери тӯдаҳои азими барф мондаанд. Рӯзи шанбе дар масири Душанбе — Чаноқ беш аз 60 тарма фаромадааст ва хатари фалокат ҳамчунон бартараф нашудааст.Ширкат аз кормандаш ному насаб набурд, вале гуфт, ки онҳо аз фаъолон буданд ва то лаҳзаи охир «кӯшиш ба харҷ доданд, ки тариқи бартараф намудани тарма барои ба роҳ мондани ҳаракати муназзаму бехатари мошинҳо саҳмгузор бошанд, вале худ қурбонии офати табиӣ шуданд.» Масъулони Инноветив Роуд Солюшнз барфбории ахир ва фаромадани тарма дар ин масирро «бесобиқа» дониста ва гуфтанд, «дар натиҷа, дар ин айёми сол ҳатто сатҳи оби дарё баланд шудааст». Онҳо нигаронӣ карданд, ки баъзе ронандагону сокинон «ҷиддӣ будани таҳдиди офати табиӣ ва аҳамияти муваққатан баста шудани роҳро дуруст дарк накарда, бо ҳар васила мехоҳанд, онро убур намоянд.»Мақомоти ширкати IRS ҷиддан аз ҳамаи шаҳрвандон хост, ки як муддат аз сафар тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ худдорӣ кунанд. Як рӯз пеш мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ду сокини шаҳри Хуҷандро аз панҷаи тарма раҳо кардаанд. Ба қавли онҳо, Шӯҳрат Аёнов (1982) ва Эҳсон Тоҳиров (1983) аз тарафи Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат дошта, баробари фаромадани тарма дар зери тӯдаҳои барф мондаанд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ба ҳардуи ин сокини Хуҷанд ёрии аввалияи тиббӣ расонда шуда, вале онҳо аз бистарӣ гардидан дар шифохона худдорӣ намудаанд.Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди огоҳиҳои батакрор дар бораи хатари фаромадани тарма дар роҳҳои мошингард бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳанӯз сокинону ронандагон таваҷҷӯҳ намекунанд ва ҷони худро зери хатар мегузоранд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳанӯз хатари резиши санг ва фаромадани тарма дар роҳҳо боқӣ мондааст.»Бахусус, ин хатар дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе–Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим бештар аз пештар эҳсос мешавад. Чунончӣ, рӯзи 17 феврал дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, ва Ишкошими вилояти Бадахшон, Лахш ва Ҷиргатоли минтақаи Рашт ва аз километри 54 то 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд резиши санг ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин роҳҳо қатъ шудаанд», — таъкид шудааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.▶Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар роҳҳои кишвар 13 нафар ҷон бохта, чанд тани дигар аз зери тӯдаҳои барф наҷот дода шуданд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар моҳи январи имсол беш аз 250 тарма фаромадааст ва онҳо барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ аз кишвару созмонҳо ёрӣ хостаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ