Кормандони милитсия дар Хатлон қадрдонӣ шуданд
Рӯзи 10 ноябр ҳамасола чун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда мешавад. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор рафта, кормандони ин мақомоти қудратӣ дар паи савганди вафодорӣ ва садоқат ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
Ба ифтихори «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идонаи кормандони милитсия муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсат, ҷузъу томҳои он, собиқадорони соҳа ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок доштанд.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда таҳният гуфт. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Кормандони мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талошу ҷонбозиҳо намудаанд.
Муовини Раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов афзуд, ки дар замони муосир баробари ба вуҷуд омадани таҳаввулоти сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа дар назди кормандони милитсия вазифаҳои наву ҷиддӣ меистанд ва рисолати касбии хешро дар назди халқу Ватан бояд минбаъд низ софдилона ичро намоянд. Чанд нафар аз кормандони милитсия ва собиқадорони соҳа ба сухан баромада, иброз доштанд, ки барои ҳамеша ба қасами хеш содиқ монда, баҳри таҳкими қонуният, тартибот, суботи ҷомеа ва мубориза баҳри пешгирии ҷинояткорӣ тамоми имкониятҳои хешро масраф хоҳанд намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ба муносибати «Рӯзи милитсия» аз номи роҳбарияти вилоят, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти раёсати мазкур як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо туҳфаҳои идона, медалу ифтихорномаҳо ва рутбаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ