Кормандони милитсия кумак карданд

9 августи соли равон  ҳангоми сафар аз Душанбе ба самти Хуҷанд пас аз гузаштани тарозуи Шаҳристон то даромадгоҳи шаҳри Истаравшан тасодуфан аз болои мошини тамғаи Тойота Ландкрузер, ки мо бо он сафар менамудем,  як сумкаи мо дар дохилаш лавозимот барои наворбардорӣ ва шиноснома буд, афтода гум шуд.  Дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш кардем, ки ҳар касе онро дарёфт намуддаст, бо ивази муокофот баргардонад.  Мутассифона, бо гузашти чанд  рӯз пайдо нашуд.

 Рӯзи 11-ум август ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем. Бо дастгирии Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ ва кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳристон лавозимоти  навобардориро  пайдо кардем.

Зуҳуриддин Ҳамроев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *