Кормандони шаҳрдорӣ аз мошинҳои хизматӣ даст кашиданд

Шаҳрдории Остона аз мошинҳои хидматӣ даст кашида, ба истифодаи мошинҳои кироя гузашт. Масъулони шаҳрдории пойтахти Қазоқистон мегӯянд, бо ин роҳ мехоҳанд, пули андозсупорандаҳоро сарфа кунанд.

Муовини авали шаҳрдори Остона Сергей Хорошун аз ибтидои моҳи сентябр бо таксӣ мегардад. Мошини кирояи ӯ вижа буда, рангаш сиёҳ аст ва ин гуна «таксиҳои сиёҳ» махсус барои ҳокимҳо аст. Мансабдорони дигар аз мошинҳои кирояи сафед истифода мебаранд.

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, мансабдорони шаҳрдории Остона дар як рӯз чаҳор бор аз хидмати онҳо истифода мекунанд. «Субҳ ба кор мебарему бегоҳ меорем. Ҳамчунин нисфирӯзӣ барои ғизохӯрӣ бурда, меорем», — гуфт як ронандаи таксӣ.

Ҳаққи кирояи таксиҳои Остона барои се километри аввал 500 танга, ҳудуди якуним доллари амрикоӣ аст. Шаҳрдории пойтахти Қазоқистон мегӯянд, бо истифодаи таксӣ дар панҷ сол ба ҳисоби миёна 600 миллион танга сарфа хоҳанд кард.

Вале сокинон ба ин идеяи «сарфаҷӯёна»-и мақомот шубҳа доранд: «Бигзор бо автобус равуо кунанд».

Дар шаҳрдории Остона гуфтанд, ки кормандони онҳо аз таксиҳои «эконом-класс» истифода мекунанд ва барои ҳар як корманд маблағи муайян ҷудо шудааст. Агар корманде ин маблағро зуд ба поён расонад, рӯзҳои боқӣ пиёда ба кор хоҳад рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *