Кормандони ҳукумат ва милисаҳо ба аскаргирӣ ҷалб мешаванд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулинро вазифадор  кардааст, ки гуселу пешвози наваскарону куҳнасарбозонро дар мавсими баҳорӣ ба таври тантанавӣ роҳандозӣ кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ таъкид шудааст, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ 10 нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд: “Доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тағрибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд”.

Раиси Душанбе мақомоти милисаро вазифадор кардааст, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои даъватӣ кӯмак расонанд: “Нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд. Нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин карда, бо ин мақсад шумораи лозимии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд”.

Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, то 1-уми июн ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба ҳукумати пойтахт ҳисобот диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *