Коронавирус: Ӯзбекистон ба соҳибкорон сабукӣ дод, навбати Тоҷикистон кай?

Русия, Ӯзбекистон ва чандин кишварҳои дигари шарики тиҷоратии Тоҷикистон дар давраи авҷи бемории коронавирус истеҳсолкунандагони худро дастгирӣ мекунанд. Дар ин кишварҳо ба бахшҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ ва низоми бонкӣ як қатор имтиёз пешбинӣ шудааст. Аммо дар Тоҷикистон, ки буҷеташ аз ҳисоби соҳибкорӣ ғанӣ мегардад, хомӯшӣ ҳукмфармост.

Имтиёз дар Ӯзбекистон

Маълумоти оморӣ гувоҳ бар онанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон  коронавирус бештар доман паҳн мекунад. Дар ин росто, дари марказҳои  хизматрасонӣ  ва бозорҳои молу ашё дар Душанбе ва бархе манотиқи кишвар бинобар авҷи ин беморӣ баста шудаанд. Албатта, ин басташавӣ муваққатӣ ва ба хотири чораҳои пешгирии беморӣ унвон мешавад.  Аммо ҳазорон нафар соҳибкорон, ки аксарияташон иҷоранишинанд ё бо қарз фаъолият  мекунанд, зарбаи сахт мебинанд. Кормандони марказҳо дар ин давра бинобар фаъолият надоштан, аз музди меҳнат маҳрум мешаванд. Ин ба корхонаҳои истеҳсолӣ низ беасар намемонад. Ҳаҷми истеҳсолот бо сабаби баста будани роҳҳо ва набудани қобилияти харидории аҳолӣ бамаротиб коҳиш меёбад. Дар маҷмӯъ, ин ба кунд рушд кардани иқтисодиёт оварда мерасонад.

Кишварҳои ҷаҳон дар муқобили ин вирус барномаҳои зиддибуҳронӣ роҳандозӣ кардаанд. Махсусан, барои аз пой наафтидани бахши истеҳсолот, ки манбаи муҳими пур кардани буҷет маҳсуб меёбад, аз ҷониби Ҳукумат дастгирӣ меёбад. Агар ба таҷрибаи кишварҳои Русия, Ӯзбекистон ва дигар шарикони иқтисоди Тоҷикистон назар афканем, онҳо баробари ба қайд гирифтани вирус талош карданд, ки пеш аз ҳама, дар ин давраи вазнин бахши истеҳсолиро дастгирӣ намоянд. Зеро пӯшида нест, ки соҳибкорӣ асоси пешрафти ҳар кишвар аст. Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Ӯзбекистон дар давраи буҳрони коронавирус соҳибкорон ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ соҳиби як қатор имтиёзҳо шудаанд. Ҳукумати Ӯзбекистон замоне ин тасмимро гирифт, ки аз омадани коронавирус ба кишвар ҳамагӣ як ҳафта нагузашта буд. Чораҳои пешгирӣ аз ин вабо низ дар ин кишвар пурзӯртар шудааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чораҳои иловагӣ  дар бораи дастгирии  аҳолӣ ва бахши соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус аз 3 март фармон ба имзо расонд. Мувофиқи он аз 1 апрел то 31 декабри соли 2020  супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, ки гардиши фурӯши молҳо (хизматрасониҳо) аз як миллиард сўм дар як моҳ зиёд нест ва бо истифодаи ҳисобномаҳои электронӣ андоз аз арзиши иловашударо дар семоҳа ҳисоб ва пардохт мекунанд.

Ҳамзамон, тартиби истифодаи меъёри баланди андоз аз амвол ва андози замин нисбат ба минтақаҳои истифоданашудаи истеҳсолӣ, биноҳои ғайриистиқоматӣ, аз ҷумла объектҳое, ки то 1 апрели соли 2020 муайян карда шудаанд, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳо барои ситонидани қарзи дар натиҷаи истифодаи замин бадастомада барои андозҳои муқарраршуда бекор карда шудааст. Ҳисобкунии маблағи муқарраршудаи андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродие, ки  фаъолияти худро дар давраи тадбирҳои карантинӣ бозмедоранд, бидуни пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, бо гирифтани огоҳинома дар бораи боздоштани фаъолияти хизматрасонии андоз аз ҳисоби шахсии андозсупоранда боздошта мешавад. Бонкҳо низ аз тарафи фонди махсуси Ҳукумат дастгирии моолиявӣ дидаанд.

Миш-миш дар долонҳои ҳукумат

Баргардем ба Тоҷикистон, ки манбаи ягонаи даромади буҷет аз ҳисоби соҳибкорӣ аст, чӣ  тадбирҳо дар ин шабу рӯз роҳандозӣ мешаванд? Ба назар чунин менамояд, ки блоки иқтисодии кишвар дар мубориза бо ин ва бо барномаи дурусти зиддибуҳронӣ надорад. Вақте ки бо намояндагони ниҳодҳои иқтисодиии кишвар, аз ҷумла мақомоти андоз, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хостем суҳбат намоем,  аммо  масъулин гӯширо мебардоштанду бо баҳонаи “банд ҳастанд, дертар занг занед” гӯшии  телефонро мегузоштанд. Аҷиб, магар кори онҳо танҳо дар утоқҳои барҳаво нишастану баъди анҷоми соати баромада рафтан аст? Ба сомонаҳои расмии онҳо ворид мешавем, ки гӯё харбуза аз бағалатон меафтад. Сомонаи ниҳодҳои иқтисодии кишвар холист, ба ҷуз хабару маълумоти расмӣ, дигаре чизе доир ба барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ  дар пешорӯӣ пандемияи коронавирус нест.

Ба масъули маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иртиботи телефонӣ гирифтам, то мавқеи вазоратро, ки сиёсати иқтисодии кишварро муайян месозад, доир ба барномаҳои дастгирии соҳибкорон дар ин давраии ҳассос донам. Масъули матбуоти вазорат дархост ва саволнома талаб кард ва гуфт, ки дар асоси он ба шумо посух медиҳем. Акнун умед бар посухи ин вазорат мебандем, ки чӣ мегӯяд. Аммо шахсони наздик ба блоки иқтисодии кишвар  мегӯянд, ки ҳоло дар долонҳои Ҳукумат ва вазорату идораи иқтисодӣ миш-миш ҳаст, ки ба соҳибкорон сабукӣ дода мешаванд. Эҳтимол як муддати кӯтоҳ соҳибкорон аз патент ва пардохти ҳаққи иҷора озод мешаванд. Воқеият чист, вақт довар аст.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *