Доктор Янжуа: “Дилам бо бародарони хитоиам месӯзад”
Дар як шабонарӯзи гузашта дар Чин аз сирояти коронавирус 103 нафар ҷон бохтанд ва шумораи фавтидагон ба 1011 нафар расид.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз коронавирус дар 24 соати охир 2097 нафар сироят ёфта, теъдоди умумии мубталоён ба беморӣ дар Чин ба 42 ҳазору 638 нафар расидааст, ки аз ин миён 37 726 нафар таҳти табобат қарор гирифта, вазъи саломатии 7 333 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Кумитаи тандурустии Чин 3996 нафар пас аз мубталои коронавирус шифо ёфтанд,
Барои табобат ва пешгирии коронавирус дар Чин тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд. Табибони ҷопонӣ низ табобати ин вирусро ба роҳ мондаанд, аммо Чин кӯмаки ҷопониҳоро рад кард.
Ин навбат як духтури покистонӣ пас аз тасмими пешниҳоди хидматҳои худ ба кишвар дар мубориза бо коронавируси марговар дили хитоиҳоро шод кард. Доктор Янҷуа аз ноҳияи Динги Покистон, ки дар Донишгоҳи тиббии Чангша дар музофоти Ҳунани Чин донишҷӯёнро таълим медод дар мусоҳиба бо расонаҳои Чин гуфта аст, ки Хитой мисли хонаи дуввуми барои ӯ буд, зеро таҳсили худро дар он ҷо анҷом додааст. «Дилам бо бародарони хитоиам мезанад. Агар ман дар ин лаҳзаи вазнин хидмати худро дар Вуҳан пешниҳод кунам, ин барои ман ва кишвари ман — Покистон як лаҳзаи ифтихор аст”, — гуфтааст, Янҷуа.
Доктор Янжуа инчунин иброз дошта аст, ки ҳамчун духтур, вай боварӣ дорад, ки ҳукумати Чин дар мубориза бо вирус сари вақт «чораҳои кофӣ ва қавӣ» андешидааст. Чин метавонад ба зудӣ коронавируси навро мағлуб кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ