Коронавирус ба Қирғизистон ҳам расид: 3 нафар беморанд
Дар Қирғизистон се ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз дар брифинг вазири тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбаев хабар дод.
Инчунин, вазир изҳор дошт, ки се ҳолати сирояти коронавирус дар Қирғизистон дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод сабт шудааст. Дар байни сироятёфтагон шаҳрвандоне ҳастанд, ки шаби 15-16 март аз як сафари ҳаҷ аз Арабистони Саудӣ ба ватан ворид шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш Қирғизистон марзи кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ баста буд. Танҳо шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд ба ҷумҳурӣ ворид шаванд ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд раванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ