Коронавирус ба Ӯзбекистон омад

Дар Ӯзбекистон аввалин ҳолати сироятёбӣ ба  коронавирус расман тасдиқ карда шуд, хабар медиҳад портали Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти Агентии беҳдошти санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

«Рӯзи 15 март, соати 6:00 дар лабораторияи Институти вирусология, дар як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргаштааст, коронавирус ошкор карда шуд. Тадқиқоти эпидемиологӣ ва чораҳои пешгирикунанда барои пешгирии паҳншавии ин вируси хатарнок идома дорад», — гуфта мешада дар Агентӣ.

Тибқи иттилои оҷонсӣ, шахсони бо ин нафари сироятёфта дар тамос буда ва рӯйхати мусофироне, ки аз Фаронса ба Ӯзбекистон омадаанд, тартиб дода шудааст. Корҳо дар самти муқаррар намудани ҷои зисти онҳо ва таҳти назорати тиббӣ қарор гирифтан, идома дорад.

«Вобаста ба ин вазъ ягон нигароние вуҷуд надорад. Тамоми чораҳои зарурии зиддиэпидемикӣ андешида мешаванд», — гуфта мешавад дар гузориш.

Агентӣ инчунин аҳолиро даъват менамояд, ки дар ҳарос наафтанд ва ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тоза нигоҳ доштани биноҳо, ҳангоми истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ боэҳтиёт бошанд ва дастонро бо собун бишӯянд.

Бояд гуфт, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) рӯзи 11 март хуруҷи нави коронавируси COVID-19 -ро пандемия эълон кард.

Зиёда аз 130 ҳазор нафар дар 120 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд, аксарашон шифо ёфтанд, аммо беш аз 5 ҳазор нафар ҷон доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *