КОРОНАВИРУС: Омори нав дар Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 90 нафари дигар ҳамчун гумонбар зери назари духтурон қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 7827 нафар баробар буда, то санаи 10 август дар мамлакат 6614 (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ