Коронавирус: тасдиқи фавт дар Тоҷикистон

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ илова намуд, ки тайни шабонарӯзи гузашта 38 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 41 нафар баъди табобат ёфтан ба хонаҳояшон мураххас шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири апрел то имрӯз 12 ҳазору 815 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин то ҳол 12 ҳазору 253 нафар шифо ёфтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз оғози пандемияи коронавирус то шоми 16 ноябр дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 89 нафар бар асари ин маризӣ ҷон доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *