Коронавирус ва фишорбаландӣ
Фишорбаландӣ боиси инфаркт ва инсулт шуда, ҳамзамон сабабгори вазнин шудани ҳолати шахси гирифтори коронавирус мегардад. Зимнан, то даме ки беморӣ доман паҳн накардааст, фишорбаландиро бе истифодаи доруворӣ рафъ кардан мумкин аст.
Ба суолҳои мо дар ин мавзӯъ доктори илмҳои тиб Алла Погожева посух мегӯяд.
-Дуруст аст, ки бемории фишорбаландӣ ҳангоми COVID 19 метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад?
-Бале, чунин аст. 72,6% маризони бистаришуда бемории фишорбаландӣ доранд. Бо вуҷуди он ки COVID 19 бемории вирусии нафасӣ мебошад, ҳадафи асосии беморӣ рагҳо маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, агар шахси гирифтори коронавирус қаблан аз фишорбаландӣ азият мекашида бошад, хатари ба марг оварда расидани беморӣ то 24% аст.
–Чаро имрӯз фишорбаландӣ доман паҳн кардааст?
–Дар давоми 40 соли охир шумораи нафарони гирифтори фишорбаландӣ ду баробар афзуда, ба 1,1 млрд. нафар расидааст. Сабабҳо гуногунанд, аз ҷумла: ирсият, камҳаракатӣ, стрессҳо, сигоркашӣ, суиистифода аз машрубот ва албатта, ғизои нодуруст. Фишорбаландӣ мисоли дигар бемориҳо, аз қабили фарбеҳӣ, атеросклероз, гиперлипидемия, бемории қанд, остеопороз, подагра ва ҳатто саратон бо сабаби норасоии ғизо ё аз ҳад зиёд истеъмоли баъзе моддаҳои ғизоӣ буда метавонад.
–Аз он ки ғизои инсон бояд мукаммал бошад, ба ҳама маълум аст. Вале касе намедонад, ки кадом хӯрокҳоро бояд истеъмол намуд.
–Бештар меваву сабзавот, ширу маҳсулоти ширӣ ва маҳсулоти гӯштӣ истеъмол кардан лозим аст.
–Пурхӯрӣ метавонад сабабгори фишорбаландӣ шавад?
–Бегуфтугӯ. Ҳар қадаре ҷисм фарбеҳ бошад, ҳамон андоза хатари фишорбаландӣ ва касалии қанди навъи 2, ҳамзамон фавт аз бемориҳои дилу рагҳои хунгарди дил зиёд мегардад.
–Мегӯянд, ки намак фишори хунро баланд мекунад?
–Намак на танҳо сабабгори баланд шудани фишори хун мегардад, балки илтиҳоби музминро дар ҷисм нигоҳ дошта, сабабгори бемориҳои зиёде, аз қабили аллергия ва саратон мегардад.
–Гипертоникҳо дар як рӯз чанд маротиба бояд ғизо тановул намоянд?
–Дар як рӯз 4–6 маротиба, кам-кам. Хӯроки шабона бояд 2-3 соат қабл аз хоб тановул карда шавад.
–Фишорбаландиро бе истифодаи доруворӣ чӣ гуна рафъ кардан мумкин аст?
–Дар оғози пайдоиши беморӣ бо риоя намудани парҳез ва тарзи ҳаёти солим онро рафъ намудан мумкин аст. Рафту беморӣ аз ҳад гузашта бошад, бе доруворӣ рафъ карданаш мушкил аст. Вале ба ҳар сурат парҳез имкон медиҳад, ки вояи дорувориҳо камтар карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ