Короновирус ҳаст! Ҳукумати Тоҷикистон сирояти 15 нафарро тасдиқ кард
Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти вируси короно — COVID-19-ро дар кишвар тасдиқ кард.
Ин омор дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии «вируси корона» ё COVID-19, ки имрӯз таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, эътироф ва зикр шудааст.
Дар ин ҷаласа ба вазъи куниии сиҳатии кишвар баҳои муносиб дода, ба ин натиҷа расидаанд, ки вуҷуди «вируси корона» дар Тоҷикистон эътироф ва тариқи телевизиони давлатӣ эълон шавад.
«Барои эълони ин хабар ба ҷомеаи Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандуруастии Тоҷикистон муваззаф шудааст. Интизор меравад, ӯ тариқи телевизион аз утоқи кории худ ин хабарро ба мардуми Тоҷикистон бирасонад», — менависад манбаъ.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ