Короновирус ҳаст ё не? Ҳушдори вазорат тариқи ширкатҳои мобилӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тариқи ширкатҳои мобилӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки бо мақсади пешгирӣ аз короновирус чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

Ирсоли ин паёмак ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар ҳолест, ки вазорати тандурустӣ мавҷудияти короновирусро дар Тоҷикистон рад мекунад. Чанд лаҳза пеш ба муштариёни “Мегафон” чунин паёмак омад:

“Муштарии мухтарам! Бо максади пешгирии сирояти коронавирус (COVID-19), Вазорати тандурусти аз Шумо ва наздиконатон хохиш менамояд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунед: дастонатонро бо собун шуед, ашёхои зуд-зуд истифодабарандаро дезинфексия кунед, аз чойхои серодам худро канора гирифта, никобхои мухофизатиро истифода баред! Маълумоти муфассалро оид ба сирояти коронавирус (COVID-19) аз сомонаи: http://moh.tj дастрас намоед”.

Тайи як моҳи охир чораҳои пешгирӣ аз короновирус бо вуҷуди он ки расман дар кишвар сироят аз он ба қайд гирифта нашудааст,пурзур мешавад. Тӯли ин моҳ садҳо нафар шаҳрвандони кишвар бо ташхиси пневмония ё илтиҳоби шуш ба карантин гирифта шуданд ва чанд нафар аз беморон гузаштанд.

Марги мармузи беморони таҳти карантин ва чораҳои пешгирии короновирус байни сокинони кишвар таҳаллукаро ба бор овардааст, вале бо вуҷуди ин мақомот мегӯянд, ки дар Тоҷикистон короновирус нест.

Қарор аст, охири ҳафтаи равон намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон оянд, то ба будан ё набудани COVID-19 дар Тоҷикистон нуқта гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *