Короновирус: зери шубҳабудагон аз карантин баромаданд
Дар Тоҷикистон нахустин гуруҳе, ки бо шубҳаи короновирус таҳти коронтин буданд аз беморхонаҳо баромаданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“88 нафар шаҳрвандони кишвар, ки 14 рӯз қабл бо мақсади пешгирии короновирус ба дар беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе таҳти коронтин гирифта шуда буданд, аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд. Ин 88 нафар онҳое буданд, ки баъди хуруҷи короновирус аз Хитой ба Душанбе омада буданд.”- гуфтанд, аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба pressa.tj.
Сафар Зиёев, як сокини 45 солаи Душанбе, ки тайи 14 рӯз дар коронтин буд, мегӯяд, ки дар беморхона шароити будубош хуб буд:
“Дар ин 14 рӯз мо ягон мушкилӣ надоштем. Дар ҳар ҳуҷра 3-4 нафар мехобидем ва духтурон ҳамеша мувозиби вазъи саломатии мо буданд. Табибон ҳар 3 соат таби моро месанҷиданд ва моро муоина мекарданд”-гуфт номбурда.
Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ нафарони аз карантинбаромада ҳам як муддат таҳти назорат хоҳанд буд.
Дар Тоҷикистон то ба имрӯз гирифторони короновирус ба қайд гирифта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ